Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Август 9, 2017 08:32

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок намуданд.

Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароиту имкониятҳои муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.

Бинои асосии мактаб, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон буда, дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Сорво» дар муҳлати бештар аз як сол дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои ба камол расонидани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода баранд.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин се синфхонаи ҳунаромӯзӣ, аз қабили дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва омода кардани таомҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳаи мазкур метавонанд нақши калон дошта бошанд.

Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгорон ба зиёда аз 900 нафар хонандагон дарс мегӯянд.

Танҳо дар давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 09.08.2017

Август 9, 2017 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд

Маводҳои таҳлилӣ