Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян

Август 31, 2017 14:03

ДУШАНБЕ, 31.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ аз раванди рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, мусоҳибон изҳор доштанд, ки истифодаи имконоту захираҳои истифоданашуда дар ин самт ва дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад ба манфиати ду ҷониб бошад.

Таклифу пешниҳодҳои судманд атрофи иштироки фаъоли ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ, лоиҳаи бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду навсозии иншооти инфрасохтории гуногун баён карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Чин, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.

MNK_5753 - копия

MNK_5760 - копияMNK_5816 - копия

Август 31, 2017 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд