Мутахассисони Тоҷикистону Қирғизистон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ мубодилаи таҷриба мекунанд

Август 24, 2017 10:44

ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ»–и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ  оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории лейшманиозҳо барои мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, давраи омӯзишӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта, дар он ҳафт нафар мутахассисони қирғиз аз таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар самти пешгирӣ ва мубориза бо бемории лейшманиозҳо огаҳӣ пайдо мекунанд. Мутахассисони қирғиз ҳамчунин вобаста ба ин масъала мубодилаи таҷриба хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Лейшманиозҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо» ҳамчунин дар дигар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенти вилояти Суғд идома меёбад.

Бояд гуфт, ки лейшманиоз бемории сироятие мебошад, ки ҳангоми неш задани ҳашароти зараррасон дар организми инсон пайдо мешавад. Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, лейшманиоз дар 88 мамлакати дунё ба назар мерасад. Аз ин 72 давлат тараққикарда буда, 13-тои дигар мамлакати  қашшоқтарини дунё   ба ҳисоб мераванд.    Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 12 миллион нафар аз ин беморӣ азоб мекашанд. Ҳар сол зиёда аз ду миллион нафар аз ин беморӣ зарар мебинанд, ки аксарияти онҳо дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд.

Август 24, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад