Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш

Август 16, 2017 12:07

ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Маркази табобатӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири солимии ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ роҳбари Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб” Қурбоналӣ Юсупов дар давоми 1 сол бунёд мегардад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори ватандӯст иттилоъ дод, ба хотири дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази табобатии нав хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

Бинои маркази табобатӣ чорошоёна хоҳад буд ва дар сурати пурра ба истифода додани он беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то чорум беш аз 25 синфхонаи таълимӣ, 15 утоқи корӣ, наздики 70 кати хоб барои беморон, хобгоҳ ва толори маҷлис сохта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш иқдомҳои шоиста намуда, дар ҳудуди ҷамоат якчанд иншооти муҳими таълимӣ, хизматрасонию маиширо ба истифода дода буданд.

Президенти мамлакат ба ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи соҳибкорон изҳори сипос карда, ба онҳо дар ин кори пуршараф барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш мулоқот карда, фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд.

Сарвари давлат бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ аҳлона заҳмат кашида, 26-солагии истиқлолияти давлати хешро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Оғози бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Вахш 16.08.2017

Август 16, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд