Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 16.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 16-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарият, фаъолон ва сокинони шарафманду меҳнатдӯсти вилоят бо самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, ба сохтмони иншооти нав оғози расмӣ мебахшанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






