ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 август, сешанбе, 241-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 124 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расида буд.
***
9 сол пеш, 29 августи соли 2008 дар Кохи Сомон пас аз мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
***
29 августи соли 2013 дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент, ки дар як сол 1 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад, ба кор дароварда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш масоили вобаста ба вазъи вақт ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».
29 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.
***
Рӯзи шӯриши миллии словакҳо.
РӮЙДОДҲО:
29 августи соли 1793 дар Санто-Доминго – пойтахти Ҷумҳурии Доминикан ғуломӣ манъ карда шуд.
***
79 сол муқаддам, 29 августи соли 1938 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шакли таҳсилоти олии ғоибона ҷорӣ карда шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин санҷиши бомбаи атомиро гузаронида буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1990 аввалин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст.
***
Соли 1936 дар Британияи Кабир аввалин маротиба пахши мустақими мусобиқаи футбол миёни клубҳои «Арсенал» ва «Эвертон» ба роҳ монда шуда буд.