ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 8 август, сешанбе, 220-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 145 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 8, 2017 10:02

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

8 августи соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд: «Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳои пайваста меандешад».

***

6 сол пеш, 8 августи соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ, оғози сохтмони иншооти нави дигар ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар карда, дар мавзеи бунёди Мактаб-интернати президентӣ, ки барои 1280 нафар хонандаи болаёқат дар ду баст пешбинӣ шуда буд, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшида буданд.

***

  8 августи соли 2016 дар Қасри Миллат зимни мулоқоти  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри Миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифта буд.

 8 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.

***

Дар Хитой – Рӯзи падар.

***

Дар Бутан –Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

8 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкўҳ»-и шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон мактаби нави замонавӣ ба истифода дода шуд.

***

  8 августи соли 1925 дар Вашингтон аввлин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.

***

90 сол муқаддам, 8 августи соли 1927 дар Франсия эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ  истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат додааст.

***

68 сол пеш аз ин 8 августи соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Франсия аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардидааст.

***

8 августи соли 1959  дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфтанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардидааст.

***

Соли 1929 аввалин парвози роҳбалад дар гирди кураи замин оғоз гардида буд, ки то 29 август идома ёфт.

 

  

Август 8, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, чоршанбе, 220-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, сешанбе, 219-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, ҷумъа, 215-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, панҷшанбе, 214-умин рӯзи соли 2024 аст