Танбеҳ ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

Август 24, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Баромади ансамбли доиранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид», мавод ба нашр расид. Атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.

Сараввал бояд зикр кард, ки сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд. Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбат ба фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст. Новобаста ба ин, Саломова Зиёда ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2017 ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш «танбеҳ» дода шуд.

 АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амр медиҳам:

Ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 августи соли 2017
№АП-932

Август 24, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд