5-умин Бозиҳои Осиё: Сиёвуш Забиров дар даври аввал ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 18.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ҷараён доранд, мусобиқа оид ба муай тай (бокси тайӣ) идома ёфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин намуд варзишгарон дар вазнҳои -60 ва -81 кг рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Сиёвуш Забиров дар вазни -81 кг ба майдон баромада, ҳарифаш Муҳаммад Салама аз Урдунро бо ҳисоби 29:27 мағлуб кард. Ҳарифи Сиёвуш дар даври чорякфинал Ҳошим Маҷиди эронӣ мебошад. Ин ҳарб 19 сентябр доир мегардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, мусобиқа оид ба муай тай имрӯз, 18 сентябри соли равон идома меёбад. Варзишгарони тоҷик Манучеҳри Назривалӣ дар вазни -54 кг бо Елазан Замирбеков аз Қирғизистон ва Саъдӣ Шарипов дар вазни -57 кг бо Чотичанин Кокрашай аз Тайланд рақобат мекунанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






