Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад

Ноябрь 8, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи тағйир додани муҳлати баргузории Ҷоми Осиё-2027 қарор қабул кард. Тибқи тақвими нави тасдиқшуда, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 23 декабри соли 2027 то 21 январи соли 2028 баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, қаблан дар назар буд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 7 январ то 5 феврали соли 2027 доир гардад. Аммо КФО тасмим гирифт, ки муҳлати баргузории мусобиқаро тағйир диҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 8, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид