Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби наврасони Кот-д’Ивуар (8 ноябр), Фиҷи (11 ноябр) ва Танзания (15 ноябр) мебошанд. Ҳар се вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар доир мегардад, дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) неру месанҷад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






