ҲАВОИ ОФТОБӢ — ДАР РӮЗҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН! Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ва пагоҳ дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва офтобӣ дар назар дошта шудааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14, рӯзона 27-32 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






