ҲАВОИ ОФТОБӢ — ДАР РӮЗҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН! Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад

Сентябрь 8, 2017 08:28

ДУШАНБЕ, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ва пагоҳ дар бештари минтақаҳои  мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва офтобӣ дар назар дошта шудааст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14, рӯзона 27-32 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сентябрь 8, 2017 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид