Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон садои суруду мусиқии ҳиндӣ танин андохт
ДУШАНБЕ, 02.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бахшида ба 70 — солагии Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон ва 25 – солагии барқарор гардидани муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Консерти мусиқии вокалии классикии ҳиндӣ дар иҷрои ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон хонум Ручира Панда ва ансамбли ӯ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар консерти мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва ҳаводорони санъати волои ҳиндӣ иштирок намуданд.
Сомнатҳ Гҳош бо ифтихор аз ин ду санаи таърихӣ ёдовар шуда, зикр намуд: «Дар Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз анъанаву фарҳанг ва таърихи шабеҳи якдигар бохабаранд ва онро гиромӣ медоранд. Муносибатҳои байни давлатҳои мо ҳазорсолаҳоро дарбар мегиранд. Ин муносибот аз соҳаҳои адабиёт, забон, фарҳанг ва тарзи зиндагонӣ иборат мебошанд, ки ба инсондӯстӣ равона гардидаанд. Аз сабаби шабеҳияти хос доштани муносиботи фарҳангии ҳарду давлат ва бисёр хуб пазируфта шудани фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон мо ин барномаи фарҳангиро баргузор намудем».
«Солҳои охир аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангии зиёд баргузор мешаванд, ки ин барои боз ҳам равнақ бахшидани муносибатҳои фарҳангии ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Он ҷое, ки ҳунари Ҳиндустон ҳаст, он ҷо рақс аст ва мусиқии зебо аст, ки дар кишвари мо мухлисони зиёд дорад ва ин барномаи фарҳангӣ ба хотири шод гардонидани мухлисони санъати мусиқии ҳинд роҳандозӣ гардид», — зикр кард муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода.
Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли ҷорӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад ва сарони ҳарду давлат хостори боз ҳам рушд додани муносиботи дуҷониба шуданд.











Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






