Дар Хуҷанд муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Сентябрь 5, 2017 09:29

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Интегратсияи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта тавассути касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва бо кор таъминкунӣ»-и ташкилоти ҷамъиятии «Насли нав» дар шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд курсҳои кӯтоҳмуддати ройгон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  ин ташкилот дар якҷоягӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкории зиҷ  дошта,  самти асосии лоиҳа ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда  мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки дар ин муддат 15 семинари омӯзишӣ бо фарогирии 315 нафар, 4 вохӯрии иттилоотӣ бо фарогирии 520 нафар ва 3 чорабинии фарҳангӣ бо фарогирии 230 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳо мақсаднок гузаронида шуданд.

Сентябрь 5, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад