Дар Хуҷанд муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Интегратсияи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта тавассути касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва бо кор таъминкунӣ»-и ташкилоти ҷамъиятии «Насли нав» дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд курсҳои кӯтоҳмуддати ройгон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин ташкилот дар якҷоягӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкории зиҷ дошта, самти асосии лоиҳа ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда мебошад.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин муддат 15 семинари омӯзишӣ бо фарогирии 315 нафар, 4 вохӯрии иттилоотӣ бо фарогирии 520 нафар ва 3 чорабинии фарҳангӣ бо фарогирии 230 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳо мақсаднок гузаронида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






