Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сокинони Тоҷикистон се рӯз истироҳат мекунанд

Сентябрь 7, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 07.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  се рӯз — 9, 10 ва 11 сентябр истироҳат мекунанд.

Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон  Исмоил Файзизода гуфт, ки тибқи моддаи 89-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд,   рӯзи истироҳат  ба рӯзи аввали   кории  баъд аз рӯзи  иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.  Соли равон  рӯзи таҷлили Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябр  ба рӯзи шанбе, ки рӯзи  истироҳат  аст,  рост омад. Аз ин рӯ,  рӯзи душанбе,  11 сентябр барои  сокинони  кишварамон рӯзи истироҳат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол муқаддам — 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намуд.

Сентябрь 7, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад