Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Россия доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 сентябри соли равон бо мақсади мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар — Тоҷикистон ва Россия Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати расмӣ ва эҷодии Россия ба Тоҷикистон 23 сентябр меояд. Ба ҳайати эҷодӣ Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и Консерваторияи Москва шомиланд.
Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли ҷорӣ, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар дошта шудааст.
Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия дар доираи баргузории Рӯзҳо ба шаҳри Норак сафар намуда, ба сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ (Алания) дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣ кардааст. Ансамбл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо» ва медали тиллои Фестивали байналмилалии панҷ қитъа дар Франсия мебошад.
Гурӯҳи овозадори созии «Трио»-и Консерваторияи Москва аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир — Ирина Красотина, Евгений Румянсев ва Николай Агеев иборат аст. Гурӯҳи мазкур низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши нотакрори мусиқиҳои ҷаззоб мутаассир кардааст.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






