«ДУНЁИ МЕҲР» аз байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст истеъдодҳои нодирро дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 23.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар фестивали мазкур, ки бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
«Дар даври аввали фестивал, ки дар ҳама мантақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, 162 нафар хоҳишмандони аз 8 то 35- солаи қувваи босираашон суст ё нобино, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд, иштирок карда, 27 нафарашон ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд»,- зикр шуд дар оғози фестивал.
Раиси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Турбек Давлатов аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри нобинои ҷомеа изҳори сипос намуда, зикр кард, ки фестивал дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Соли ҷавонон ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Иттиҳодияи миллии нобиноён баргузор гардид».
Мақсади фестивал дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.
Дар интиҳо иштирокдорони даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён «Дунёи меҳр», ки 10 нафар аз вилояти Суғд, 6 нафар аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ, 3 нафар аз шаҳри Душанбе ва 2 нафар аз ВМКБ буданд, бо диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






