ХАЁЛАМ ЗЕБИ ДУНЁӢ, ДУШАНБЕ! Гулгашти нави пойтахт макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонон гардидааст

Сентябрь 28, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 26-солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави хизматрасонӣ, фарҳангиву фароғатии  мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе шукӯҳу шаҳомати  тоза бахшид.

Аз ҷумла,  навсозии гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан   боиси хушҳолии сокинон ва меҳмонони пойтахт  гардида, он  ба  макони дӯстдоштаи  онҳо  табдил ёфтааст.

Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан   то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ  аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра навсозӣ гардида, дар масоҳати қариб 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Тавре аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи навсозии гулгашт аз ҷониби ҶДММ «Голддизайн студио» омода гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Озодӣ-Ка» ба анҷом расонидааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллион сомониро дар бар мегирад.

Тибқи иттилои масъулин,  дар доираи корҳои навсозӣ гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, дар маркази гулгашт як иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, майдончаи тафреҳӣ ва иншооти хизматрасонии санитарию ороишӣ бунёд шудааст.

Хиёбонхои Душанбе3 Хиёбонхои Душанбе6

Дар ҳудуди гулгашт фаввораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолати ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра бо сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фаввораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.

Дар ҳудуди гулгашт дар масоҳати 6 ҳазору 780 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд ва сангфарш гардида, майдони беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.

Инчунин 233 адад ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ҳусни онро боз ҳам дилработар гардонидаанд. Низоми мукаммали муосири обёрӣ бо 600 адад обпошакҳо, ки дар ин мавзеъ фароҳам оварда шудааст, баҳри ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани чаманзори гулгашт мусоид хоҳад буд.

Тамоми ҳудуди гулгашт, роҳрав ва тимсолҳои ороишии он бо истифода аз 480 адад сутунчароғ ва чароғакҳои гуногуни ороишӣ чароғон гардидааст.

Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки ба хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев бо хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониб бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудааст.

 

Рухсораи НУР

Сентябрь 28, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид