«Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» — барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 7, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар майдони «800-солагии Москва»-и шаҳри Душанбе   бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд. Дар саҳни майдони «800-солагии Москва» ҳунарҳои дастӣ ва ихтирооти ҷавонони пойтахт ба намоиш гузошта шуда буд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён истиқлолиятро беназиртарин дастоварди сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, гуфт: «Соли равон халқи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-умин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номус ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт мебошад».

Дар 26 соли истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои пешбурди фаъолият ва некӯаҳволии онҳо мусоидат намуд. Маҳз хизматҳои бесобиқаи ҷавонон дар рушди давлатдории навини Тоҷикистон буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд.

Зимни барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ зикр гардид, ки «истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷавонон нақши бориз гузошта, тавассути сиёсати давлатии ҷавонон барои тадриҷан фароҳам овадани имқониятҳои онҳо дар шароити марҳилаҳои нави давлатдорӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд чашмрас арзёбӣ мегардад. Мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар худ гувоҳи дур набудани онҳо аз мадди назари Сарвари давлат мебошад».

Сарояндагон Соҳиб Назриев, Шаҳроми Абӯбакр, Саъдӣ Бӯризод, Шамсиддини Азиз, Лола Азизова ва Зафар Абдуалимов бо сурудҳои дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардониданд. Илова бар ин аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оид ба тарғиби сарфакорӣ дар оила ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш дода шуданд.

Сентябрь 7, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд