«Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ»- конференсияи илмӣ дар Душанбе

Сентябрь 6, 2017 13:09

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори конференсия хабар дод, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ миллати фарҳангсолои тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард»,-зикр намуд ӯ.

Дар конференсия аз ҷониби иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Истиқлолият — сарчашмаи хушбахтии бонувони тоҷик», «Рушди телевизион ва радио дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ҳамчун ғояи миллатофар ва давлатсоз», «Пешвои миллат ва ҷавонони ҳамсоли истиқлолият» маърузаҳо шунида шуданд.

Зикр гардид, ки ба туфайли истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик пояҳои фарҳанги миллиро устувор намуда, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор намуд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳадафи конференсияи  илмӣ-назариявиро пос доштани арзишҳои миллӣ, омӯзиши сабақҳои истиқлолият, огоҳ будан аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва аз ҷониби онҳо дуруст аз худ намудани таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хеш, эҳтироми фарҳанг ва муқаддасоти давлатӣ маънидод намуданд.

Сентябрь 6, 2017 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад