Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2017 18:11

ДУШАНБЕ, 28.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ” бо мақсади таъмини талабот ва таҳти назорати доимӣ қарор додани талаботи меъёрҳои қонунгузории соҳаи сохтмон, такмил додан ва мукаммал намудани онҳо, инчунин татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Мақсади таҳияи Лоиҳаи қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” баланд бардоштани  сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ — маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияи номбаршуда ҳисобот доданд.

Таъкид гардид, ки Нақшаи генералии шаҳри Панҷакент ва Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ — маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда таҳия шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ дар асоси бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд. Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” пешниҳод гардид.

Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2018-2022, Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ аз масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис буданд, ки вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сӯхту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.09.2017

Сентябрь 28, 2017 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид