Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров
ДУШАНБЕ, 08.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии Созмон амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиёти муштараки фаврӣ — ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






