“МУАРРИФГАР НЕ, МУАРРИФ БОЯД НАВИШТ…”. Рустам Ваҳҳобзода дар мавриди беш аз сад иштибоҳот дар навишту гуфтори мо бо хабарнигори АМИТ “Ховар” сӯҳбат орост
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд”, — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2016 дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ.
Ба ибораи дигар, танзим дар соҳаи забон низ бояд ба роҳ андохта шавад, зеро ҳанӯз дар навишту гуфтори иддае аз сокинон ва ВАО иштибоҳот ба назар мерасад.
«Роҳи асосӣ барои аз байн бурдани иштибоҳот дар забони гуфтор ва навишт саводомӯзии амиқ ва эҳсоси масъулият аст»,- мегӯяд сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам ВАҲҲОБЗОДА. Ба наздикӣ китоби нави ӯ бо номи “Дуруст бинависем” аз чоп баромад. Муаллиф дар ин китоб беш аз сад мавриди иштибоҳоти машҳуреро, ки дар гуфтору навиштори мо такрор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода, тарзи дурусти навишти ин калимаю ибораҳоро пешниҳод намудааст.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Рустам Ваҳҳобзода ҳамсуҳбат шуд.
Рустам Ваҳҳобзода: Дар китоби «Дуруст бинависем» бештар ба калимаҳо ва ибораҳое таваҷҷуҳ кардам, ки иштибоҳ дар онҳо ба такрор сурат гирифта, ғалатҳои фарогире ҳастанд, ки хислатҳои гуногун доранд. Мавридҳое ҳастанд, ки марбутанд ба баргардони бевосита аз забонҳои дигар, аз ҷумла аз забони русӣ. Он чизе, ки «калка» мегӯянд ё рӯбардорию рӯгардонӣ. Ва ин ҷо табиати забони тоҷикӣ ба назар гирифта намешавад. Дар вақти баргардон бо хислати забони бегона ин иштибоҳот ба миён меояд. Мавридҳое ҳастанд, ки нигоранда ва нависанда аз маънои аслии калима огоҳ нест ва онро дар ғайри маврид ба кор мебарад. Масалан, калимаҳое аз қабили «сукунат» ва «сукут», ки якеро ба ҷои дигаре истифода мекунанд. Инчунин зиёданависӣ — афзудани калимаҳо дар дохили ҷумла, ки зарурат ба баёни онҳо нест, омили ба миён омадани иштибоҳот мегардад. Дар мавридҳое, ки қонуни калимасозӣ ва қоидаҳои калимасозӣ вайрон мешавад, моҳияти калимаҳо, ки онҳо ба кадом ҳиссаи нутқ мутааллиқ ҳастанд, ба назар гирифта намешавад. Ин иштибоҳотест, ки бо чандин сабаб ва ангеза сурат мегирад. Шакли дурусти иштибоҳот дар китоб ба сурати мақолачаҳои алоҳида ҷой дода шудааст.
АМИТ «Ховар»: Ҳадаф аз таълифи китоби «Дуруст бинависем» дар чист?
Рустам Ваҳҳобзода: Мақсади таълифи китоб расонидани иттилоъ ба соҳибқаламон, нависандагон, хабарнигорон, барандаҳои барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ аст, ки хеле камтар ба онҳо дастрас шудааст. Китоб дар ҳудуди имконоти шахсӣ чоп гардид ва ҳангоми рӯнамоӣ тақсим шуд. Шумораи чопи китоб маҳдуд буда, ду маротиба бо теъдоди 200 нусхаӣ, дар маҷмӯъ 400 нусха чоп шудааст.
АМИТ «Ховар»: Чӣ бояд кард, то иштибоҳот дар навишту гуфтор такрор наёбанд?
Рустам Ваҳҳобзода: Роҳи асосӣ ҷиҳати аз байн бурдани иштибоҳ дар навиштану гуфтор саводомӯзист, ҳеҷ тадбири дигаре нест. Омӯзиши амиқ аз мактаби ибтидоӣ то донишгоҳ, баланд бардоштани масъулияти онҳое, ки ба ин корҳо муваззафанд, хусусан муассисаҳое, ки ба табъу нашри барномаҳои видеоӣ ва аудиоӣ масъул ҳастанд. Дар ин муассисаҳо бояд ҳадди ақал як мутахассиси махсус фаъолият намуда, риояи қоидаҳои забон ва имлоро назорат кунад ва дастури дурустнависиро дар ихтиёр дошта бошад.
АМИТ «Ховар»: Дар масъалаи риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамкорӣ доред?
Рустам Ваҳҳобзода: Ҳамкории мо бо Кумитаи забон ва истилоҳот амалӣ аст. Тамоми мавридҳое, ки дар китоб гирд оварда шудаанд, ба сурати силсилаи мақолаҳо дар нашрияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидааст.
АМИТ «Ховар»: Шакли электронии китобатон дар шабакаи интернет ҷой дода шудааст?
Рустам Ваҳҳобзода: Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук як саҳифаи махсус бо номи «Дуруст бинависем» бо дархости зиёди хонандагон ташкил шудааст, ки беш аз панҷ ҳазор нафар ширкаткунанда дорад ва дар он нашри электронии китоб ҷо дода шудааст. Вале дар сурати коғазӣ нашр шудани китоб нашри электронӣ ҷои онро гирифта наметавонад. Ин китоб дар даст чизи дигар буда, мисли як санади қотеъ ва сурати моддиёфта аст.
АМИТ «Ховар»: Дар оянда нияти нашри такрории маҷмӯаро доред?
Рустам Ваҳҳобзода: Сол ба сол шумораи ин мақолаҳо бештар мешавад, аз нашри охири он, ки соли 2016 ҷой дода будам, то кунун боз чанд мавриди дигар ба сурати мақола даромадааст, ки ба ин силсила илова мешавад.
АМИТ «Ховар»: Дар таҳияи китоб таҷрибаи забоншиносони дигар кишварҳо истифода гардидааст?
Рустам Ваҳҳобзода: Ман дар таълифи китоб махсус барномарезӣ накардаам. Он иштибоҳотеро, ки дар забони гуфтор ва навишт мушоҳида намудаам, дар китоб гирд оварда, тарзи дурусти навишти калимаю ибораҳоро дар шакли мақолачаҳои алоҳида пешниҳоди хонанда намудам. Баъдан мушоҳида кардам, ки дар аксари китобҳое, ки дар ин мавзӯъ навишта шудаанд, ҳамин асл истифода гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Назари Шумо ба қабули имлои нав?
Рустам Ваҳҳобзода: Бо қабули имлои нав бархе мушкилот ва камбудиҳое, ки дар забони навишт ва гуфтор ҷой доштанд, бартараф гардиданд. Вале, ҳанӯз имлои нав дар зеҳнҳо ҷой нашудааст. Яке аз мушкилии мо имрӯз гуногуннависӣ мебошад, яъне як калимаро дар як нашрия бо як тарз ва дар дигар нашрия ба навҳи дигар менависанд ва бояд он ислоҳ гардад.
АМИТ «Ховар»: Шумо зикр кардед, ки бархе аз мушкилот дар забони гуфтор ва навишт роҳи ҳалли худро ёфтанд, аз онҳо ном бурда метавонед?
Рустам Ваҳҳобзода: Масалан истифодаи баъзе унсурҳои бемаврид, ки дар забони тоҷикӣ ҷой надоранд, ба таври сунъӣ аз калкаи забонҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Дар имлои тоҷикӣ масалан овози «ӯ», ки дар калимаҳои арабӣ дар навишти алифбои классикӣ вуҷуд надорад, вале мо онро бо «ӯ» ишорат мекардем, ки дар ин сурат нафаре, ки ба алифбои классикӣ ошноӣ надорад, дар вақти баргардонидан аз тоҷикӣ ҳатман ба ҷои «ӯ» «вов» мегузорад. Истифодаи аломати «ъ» ё сакта, аз байн бурдани ҳарфи аломати ҷудоӣ ва овозҳои «ц», «щ» хоси забони мо нестанд, ҳангоме ки бо забони русӣ ҳарф мезанем, хуб аст онҳоро риоя кунем, вале асное, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунем, ин овозҳо дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Инчунин иштибоҳот дар гузоштани аломатҳо мушоҳида мегардад. Моро зарур аст, ки имлои расмиро риоя кунем, вале ин маънои онро надорад, ки мо аз баҳсу баррасӣ сарфи назар намоем. Дар худи имлое, ки қабул шудааст, мо метавонем баъзе нуктаҳоеро, ки боз ислоҳ мехоҳанд, ба баҳси илмӣ кашем. Дар қонуни нигориши илмӣ чунин расм аст, ки агар шумо дар як ҷо як калимаро дар шакли ғалат истифода бурдед, бояд дар тамоми асаратон ҳамон шакл ё худ як асл риоя шавад. Бояд баҳсу баррасиҳо дар хусуси имлои забони тоҷикӣ, тарзи дурусти гузоштани аломатҳои китобат идома дошта бошад ва дар айни ҳол ҳамон имлоеро, ки қабул шудааст, риоя намоем.
АМИТ «Ховар»: Мехостам ба чанд ҳолат рӯшанӣ андозед. Дар забони мо ду вожаи ба ҳам монанди арабӣ ҳастанд: «аҳсан» ва «аҳсант», ки бисёр вақт онҳоро бо ҳам меомезанд. Онҳо аз ҳам тафовут доранд? Кадомеро дар кадом ҳолат бояд истифода барем?
Рустам Ваҳҳобзода: «Аҳсан» калимаи арабист. Дар ин тасриф ба маънои “беҳтарин” омадааст, чун «ҳасан» беҳ аст ва «аҳсан» сифати олии он. «Аҳсант» сабукшудаи (мухаффафи) аҳсанта, ё аҳсанти, яъне беҳтарини мутааллиқ ба ту, ки маънои «офарин»-ро дорад. Дар забони тоҷикӣ барои ҳарду маврид ҳамон шакли «аҳсан» (беҳтарин), ки бештар ба маънои «офарин» меояд, кофист. Таҳсин ҳам аз ҳамин реша аст.
АМИТ «Ховар»: Мисли ҳамин вожаҳои ба ҳам монанди «китф» ва «кифт», «суманак» ва «сумалак» низ баробар истифода мешаванд. Инҳо ҳам фарқ доранд?
Рустам Ваҳҳобзода: «Китф» калимаи арабӣ (ё муарраб) аст ба маънои шона – устухонҳои шона, болои дӯш. «Кифт» тағйирёфтаи он аст. Мисли қуфл-қулф, афв-авф, ки гунаи аввалӣ дуруст аст. Маъноҳои дигар ҳам (дар забони арабӣ) дорад, аммо дар тоҷикӣ ҳамон маъност, ки гуфта шуд. Шакли саҳеҳи ғизои машҳури наврӯзии мо «суманак» аст ва зоҳиран бо «суман», ки ба сабзаи гандум далолат мекунад, робита дорад. «Сумалак» тағйирёфтаи он аст. Форсизабонон «саману» ҳам мегӯянд, ки ба дурустии «суманак» далолат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Дар маводи воситаҳои ахбори омма имрӯз шакли ҷамъбандӣ кам риоя мешавад. Масалан, менависанд: «Бар асари садама панҷ нафар мусофир ҳалок гардид».
Рустам Ваҳҳобзода: Чунин истисноҳо дар забонамон вуҷуд дорад. Масалан, Фирдавсӣ мегӯяд: «Биноҳои обод гардад хароб». Аммо маврид дорад ва дар фазои матн бояд дид, ки кадом шакл муносибтар аст. Дар ҳар ҳоле, агар ҷамъ ояд, ба қоида наздиктар аст. Аммо дар он ҷумла «панҷ нафар» бо овардани калимаи танҳои «мусофир» ба воҳид наздик мешавад ва гардид (на гардиданд) муносиб ба назар мерасад. (Яъне агар “панҷ нафар мусофирон” мебуд, хабар метавонист шакли ҷамъ гирад .– Тавзеҳи АМИТ “Ховар”).
АМИТ «Ховар»: «Мактабҳо ба соли нави хониш омода карда шуд»: «Дар маҷлис масоили вобаста ба рушди иқтисодиёт баррасӣ гардид» ва ғайра… Фикри Шумо чист?
Рустам Ваҳҳобзода: Дар ҷумлаи аввал (мактабҳо) бояд бо хабари ҷамъ ояд (карда шуданд). Аммо дар ҷумлаи дуввум калимаи “масоили” чун исми маъност, бо вуҷуди зоҳиран ҷамъ будан, дар хабар танҳо омаданаш беҳтар аст. Яъне он ҷумла дуруст аст.
АМИТ «Ховар»: Дар иртибот ба ҳамин савол, кадом тарз дуруст аст: «Панҷ мусофир» ё «панҷ мусофирон» ва ё «панҷ нафар мусофирон»? «Даҳ корхона» ё «Даҳ корхонаҳо»?
Рустам Ваҳҳобзода: “Панҷ мусофир”, “даҳ корхона” дуруст аст. Даҳ шумор аст, ки ба ҳар яке аз корхонаҳо дар алоҳидагӣ, мансуб мешавад. Ҷамъбандӣ ин ҷо лозим нест.
АМИТ «Ховар» : Боз менависанду мегӯянд: «Аз 120 мактаб панҷ тояш таъмир карда шуд». Ин ҷо «-тояш» дуруст аст? Агар не, пас чӣ бояд истифода бурда шавад, то ки калимаи «мактаб» дар як ҷумла чанд бор такрор нашавад?
Рустам Ваҳҳобзода: «Панҷтояш» дуруст аст. Метавонад «панҷто» ҳам бошад, бидуни «–яш». Ё метавонанд «панҷ воҳид» нависанд.
АМИТ «Ховар»: Дар навиштаҳои матбуот бо чунин ибора вомехӯрем: «изҳори тасаллият». Оё ин навишт дуруст аст?
Рустам Ваҳҳобзода: «Изҳори тасаллият» ғалат аст. Бояд «изҳори таслият» навишта шавад. Калимаи «тасалло» аз ҳамин реша аст, аммо набояд пиндошт, ки он бояд дар дохили «таслият» ҷой дода шавад. Масалан мо «азо» мегӯем, ки аз ҳамин реша «таъзия(т)» аст. «Таслият» низ аз гунаи ҳамин навъ тасриф аст.
АМИТ «Ховар»: Боз дар бораи як ибора мехоҳем фикри Шуморо фаҳмем. Дар маводҳо менависанд: «Изҳори бовар карда шуд». Магар шакли дурусташ изҳори боварӣ» нест? Масалан, мо наметавонем «изҳори нигарон» гӯем, «изҳори нигаронӣ» мегӯем. «Изҳори қаноат» дуруст аст ё «изҳори қаноатмандӣ»? «Изҳори умед» дуруст аст ё «изҳори умедворӣ»?
Рустам Ваҳҳобзода: «Бовар» ҳам дуруст аст. Бовар кардан, бовар доштан ва… Дар ин мавридҳо пасванди «-ӣ» зиёдист. «Нигарон» мавриди дигар аст. Чун «нигарон» сифат аст ва бо «-ӣ» мо аз он исм месозем. Аммо «бовар» худ исм аст ва лозим нест бо «-ӣ» аз он исм созем. «Изҳори қаноат», «изҳори қаноатмандӣ», «изҳори умед», «изҳори умедворӣ» — ҳамагӣ дуруст ҳастанд ва танҳо бояд мавридро дид, ки дар матн (контекст) муносиб воқеъ гарданд.
АМИТ «Ховар»: Дар беморхона пушти дари духтур навишта шудааст: «Духтури дандонпизишк». Оё ин такрор нест?
Рустам Ваҳҳобзода: Такрор аст. «Дандонпизишк» худ кофист, чун «пизишк» ҳамон духтур аст. Агар инро қабул надорем, пас «духтури дандон» мешавад, на «духтури дандонпизишк».
АМИТ «Ховар»: Дар ибораи «рушди бемайлон» калимаи «бемайлон» бо кадом маънӣ истифода мешавад?
Рустам Ваҳҳобзода: Ин ҳам рӯгардони (калкаи) ноҷоизи «неуклонное развитие» аст, ки манзур аз он «рушди устувор», «рушди босубот» ва «рушди бехалал» мебошад. «Рушди бемайлон» чунин маънои номатлуб мегирад – «рушди нодилхоҳ». Албатта дар русӣ он ибораҳои боло боз гунаи худро доранд, аммо дар кулл ҳамон маънои матлубро ифода мекунанд.
АМИТ «Ховар»: Дар бораи шахсе, ки чизеро муаррифӣ мекунад, «муаррифгар» дуруст аст ё «муарриф»?
Рустам Ваҳҳобзода: “Муаррифгар” не, «муарриф» бояд навишт. Аммо беҳтар аст, тоҷикии муносибтарашро пайдо бикунем.
Марзия САИДЗОДА
P.S. Дар интиҳои суҳбат адиби тоҷик таъкид кард, ки иштибоҳот дар гуфтор ва навишт дар сурате аз байн бурда мешаванд, ки ҳар як фард нисбат ба забони модариаш эҳсоси баланди масъулият дошта бошад, тавре ки зимни суҳбат ба дигар забонҳо масъулият дорем. Масалан, агар як нафар тоҷик ҳини суҳбаташ ба забони русӣ эрод шунавад ё эҳсос кунад, ки калимаеро хато талаффуз намудааст, хиҷолат мекашад, вале агар ин амалро дар забони модариаш такрор намояд, барои ӯ айб нест. Яъне дар забони модарӣ аз хато талаффуз кардан хиҷолат намекашем, зеро эҳсоси масъулият надорем. Дар ин росто бояд дар ҳифзи забони модариамон бошем, ки бо гузашти садсолаҳо равонию фасоҳаташ побарҷост ва баҳри эмин нигоҳ доштани он аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб дар замони муосир масъулияти бештар ҳис намуда, беэътино ва бепарво набошем, зеро забони модарӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллист.