Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Сентябрь 5, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзиян — Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ намуданд.

Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикикстон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Мулоқот дар Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин 05.09.2017

Сентябрь 5, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон