Мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо гурӯҳи вакилони палатаи болоии парлумони Япония

Сентябрь 21, 2017 19:11

ДУШАНБЕ, 21.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вакили палатаи болоии Парлумони Япония, узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Япония, раиси Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Кейзо Такеми мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония мавриди баррасӣ қарор гирифта, тарафҳо баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро дар моҳи апрели соли равон идомаи мантиқии ҳавасмандии ду ҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ намуданд.

Ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба манфиати ду кишвар хоҳанд буд, ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои судманд миёни парлумонҳои ду кишвар ба тавсеаи бештари робитаҳо дар ҳама соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Сентябрь 21, 2017 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид