Ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ба Душанбе омад

Сентябрь 25, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад.

Дар назар аст, ки баъди мулоқоти ноиби Губернатори Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе  нимаи  дуюми  имрӯз бо иштироки масъулини шаҳри Душанбе ва ин ҳайат дар Муассисаи давлатии  «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор  мегардад.

Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва мулоқоту суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сафари ин ҳайати баландпоя дар шаҳри Душанбе то 27 сентябр идома меёбад.

Сентябрь 25, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид