“ПАРВОЗИ ОРЗУ”. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти ин ном кӯдакистони хусусӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 7, 2017 11:30

ХУҶАНД, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  6 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони хусусӣ бо номи «Парвози орзу» ба истифода дода шуд.

Тавре масъулини маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  иттилоъ доданд, муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сӯҳроб Маҳмудов бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосир мебошад.

Муассисаи томактабӣ барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, ҳамзамон беш аз 20 нафар  дар он бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Раиси вилоят ифтитоҳи ин кӯдакистонро туҳфаи арзанда ба пешвози ҷашни Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, баён дошт, ки имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон  корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд ва саҳми соҳибкорон дар  ин раванд хеле назаррас аст.

Сентябрь 7, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд