Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Чин дӯсти боэътимоду шарики самимии Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Ҳангоме ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳо — Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард. Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми хоссаро доро аст», -зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин.
Пешвои миллат Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимии Тоҷикистон номиданд. Ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти ҷаҳонӣ нақши созанда дорад.
«Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд. Ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки ба заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ такя намуда, густариши босуръати ҳамкории мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад»,- изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар чунин шакл сурат гирифтани равобити байни ду кишвар ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати милливу муштараки мо буда, ба таҳкими суботу амният ва рушди минтақа мусоидат мекунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






