Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд

Сентябрь 15, 2017 17:24

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрафзун Давлатзода  хабар дод, дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуд. Дар ин росто ӯ аз бунёди як қатор иншооти муҳим дар соҳаи энергетика, саноат, соҳаи кӯҳкорӣ, нақбу роҳҳои мошингард, ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд, ёдовар шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба соҳаи бехатарии саноатӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзо такмили қонунгузории соҳаи бехатарии саноатии кишварҳои узви Шўро пешниҳод гардид.

IMG_1647Бояд зикр намуд, ки тӯли як сол Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатиро Ҷумҳурии Қирғизистон  ба уҳда дошт. Дар ҷаласаи 15-ум бо қарори аъзои Шӯро Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Ҳамчунин дар кори ҷаласа Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ, экологӣ-технологии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ ба имзо расонида шуд. Санади мазкур имконият медиҳад, ки мутахассисони ҳарду ниҳоди давлатӣ миёни ҳам табодули таҷриба намуда, масъалаҳои марбут ба соҳаро мунтазам баррасӣ намоянд.

Баъди ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Сентябрь 15, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид