Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтанд

Сентябрь 27, 2017 10:56

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 26 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барнома бо иштироки  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор шуд.

Барномаи пӯшидашавии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо консерти гурӯҳи овозадори созии «Триои Консерваторияи Москва», ки аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянцев Евгений Валерйевич ва Агеев Николай Лвович иборат буд, оғоз гардида, хотири иштирокдоронро болида гардонид. Бояд гуфт, ки гурӯҳи мазкур дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.

Ансамбли раксии "Алан"Ҳамчунин дар маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ – Алания, ки дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣ кардааст, ҳунарнамоӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки ансамбл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо», медали тиллои Фестивали байналмилалии панҷ қитъа дар Франсия мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои Россия ва намоиши аккосӣ, ки зебоии манзараҳои сарзамини Россияро инъикос мекунанд, на танҳо диққати тамошобини тоҷикро ба худ ҷалб мекунанд, балки дар рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар- Тоҷикистон ва Россия аз 23 то 27 сентябр Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳангӣ ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Турсунзода сафар намуданд.
DSC_0529 DSC_0539 DSC_0536

Сентябрь 27, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд