Сафири Тоҷикистон нусхаи Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон супорид

Сентябрь 1, 2017 11:25

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рустам Солӣ- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмар Мамедяров  нусхаи Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Зимни мулоқот, ки байни Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ва Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедяров баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътиборнома сурат гирифт, ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкории ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон мусоҳибон  ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар масоили умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ,  сармоягузорӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатию металлургӣ омодагӣ изҳор намуданд.

Сентябрь 1, 2017 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад