«Сомон Эйр» ба Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ шомил гардид

Сентябрь 7, 2017 10:29

ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.   «Сомон Эйр» дар Тоҷикистон аввалин ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ сеюмин ширкати ҳавопаймоист, ки сертификати узвияти IATA — Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро соҳиб гардид.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»   Томас В. Ҳаллам II  дар робита ба ин рӯйдоди муҳим изҳор дошт: «Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ, бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии мо ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда, барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасонӣ, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти фаврӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд».

Зикр карда шуд, ки яке аз бартариятҳои асосии узвияти ширкати «Сомон Эйр» дар IATA — имкони бастани қарордодҳои интерлайн ва код-шеринг бо интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбари байналмилалӣ хоҳад буд. Ин ба ширкат имкон медиҳад, ки  мусофирон ва бағоҷро ба тамоми самтҳои зарурии берун аз доираи хатсайрҳои «Сомон Эйр» интиқол диҳанд.

Бояд зикр намуд, ки Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA — ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 275 ширкати ҳавопаймоӣ аз 119 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.

Сентябрь 7, 2017 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад