ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 сентябр, чоршанбе, 256-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 109 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 13, 2017 10:00

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 сол пеш, 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай суханронӣ карданд.

***

13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд.

***

13 сентябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  бо иштироки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

13 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.

***

Дар Россия – Рӯзи барномасозон.

 

РӮЙДОДҲО:

 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ ба имзо расида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1745 аввалин атласи ҷуғрофии Россия нашр шудааст.

***

13 сентябри соли 1788 шаҳри Ню-Йорк пойтахти ИМА эълон карда шуд.

***

 62 сол муқаддам, 13 сентябри соли 1955 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶФ Германия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1922 баландтарин ҳарорати ҳаво дар Африка ба қайд гирифта шудааст, ки +57,8°С-ро ташкил додааст.

Сентябрь 13, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст