ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 сентябр, шанбе, 245-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 120 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
2 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар бинои хукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни хаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
***
6 сол пеш, 2 сентябри соли 2011, дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия баргузор гардида буд, ки дар он сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.
***
2 сентябри соли 2015 дар шаҳри Пекин пас аз анҷоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки яке аз онҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ буд.
2 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Россия – Рӯзи гвардия.
РӮЙДОДҲО:
2 сентябри соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардида бу
***
77 сол муқаддам, 2 сентябри соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- «Ситораи маршал» ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1939 дар Британия Кабир қонуни дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардидааст.
***
2 сентябри соли 1996 дар Украина пули нав – гривна ба муомилот бароварда шуда буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Сурх» нашр шудааст.
***
Соли 1958 дар Хитой аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз кард.