ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 28, 2026 08:00

28 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.

***

28 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд.

***

28 феврали соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкори мамлакатро  интихоб намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи  кумитаи тадорукот баргузор шуд.

***

28 феврали соли 2020 дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.

***

28 феврали  соли 2022  аз  барқароршавии  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 30 сол сипарӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳокима шуд.

28 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир.

***

Рӯзи байналмилалии дӯзанда.

***

Рӯзи ҷаҳонии бе шабакаи иҷтимоии «Facebook».

***

Дар Украина – Рӯзи хизмати роҳбаладии флоти ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

28 феврали соли 1854 Ҳизби ҷумҳуриявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода  шуд.

***

Соли 1946 маҷаллаи варзишии Фаронса  «L’Equipe» созмон дода шуд, ки он баъдан ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ва беҳтарин футболбози Аврупоро таъсис дод.

***

28 феврали соли 1922 Ҷумҳурии Миср соҳибистиқлол гардид.

***

28 феврали соли 1992 байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акбар Ҷӯраев — соли 1936 – ходими давлатӣ, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

***

Ҳалима Эркаева —  соли 1948 – раққоса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Февраль 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст