ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 102 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
20 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод намудани таҳвили пахтаи коркарднашуда ва тағйир додани маъёри андози фурӯши нахи пахта» имзо карданд.
***
7 сол пеш, 20 сентябри соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуда буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.
20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.
***
Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.
***
Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
20 сентябри соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Як аср муқаддам, 20 сентябри соли 1917 Парлумони Канада ба модар, ҳамсар ва хоҳари аскари дар майдони ҷанг муборизабаранда ҳуқуқи овоздиҳӣ пешниҳод кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 аксарияти аҳолии Франсия дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.
***
20 сентябри соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1802 дар Россия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.