ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 сентябр, панҷшанбе, 264-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 101 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ карда буданд.
***
16 сол қабл, 21 сентябри соли 2001 маросими расмии баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.
21 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии сулҳ.
***
Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.
***
Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.
РӮЙДОДҲО:
21 сентябри соли 1920 Шӯрои комиссарони халқии Украина дар мактабҳо омӯзиши ҳатмии забони украиниро ҷорӣ кард.
***
74 сол муқаддам, 21 сентябри соли 1943 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исландия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
21 сентябри соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1977 дар Франсия Иттифоқи сотсиалистон ва коммунистон пароканда шуд.
***
21 сентябри соли 1991 99% аҳолии Арманистон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1920 аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ- «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.