ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 сентябр, панҷшанбе, 264-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 101 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 21, 2017 08:01

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

21 сентябри соли 2010  дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими муаррифии  «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ карда буданд.

***

16 сол қабл, 21 сентябри соли 2001 маросими расмии баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма»  баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.

 

21 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.

***

Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

21 сентябри соли 1920  Шӯрои комиссарони халқии Украина дар мактабҳо омӯзиши ҳатмии забони украиниро ҷорӣ кард.

***

74 сол муқаддам, 21 сентябри соли 1943 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исландия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

21 сентябри соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар Франсия Иттифоқи сотсиалистон ва коммунистон пароканда шуд.

***

21 сентябри соли 1991 99% аҳолии Арманистон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  1920  аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ- «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.

Сентябрь 21, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст