ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 сентябр, сешанбе, 269-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 96 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 26, 2017 07:35

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

26 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 26 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда буданд.

***

26 сентябри соли 2011 дар ноҳияи Айнӣ хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ ба истифода дода шуд.

 

26 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд кардани яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи забонҳои аврупоӣ.

***

Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

26 сентябри соли 2013 дар «Нарӯзгоҳ»- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи байналмилалии дзюдо баргузор гардид.

***

26 сентябри соли 1786 Англия ва Франсия созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1990 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қонун дар бораи озодиҳои динӣ қабул гардидааст.

***

23 сол пеш, 26 сентябри соли 1994 ИМА таҳримҳоеро, ки ба муқобили Гаити ҷорӣ карда буд, бекор кард.

***

26 сентябри соли 1994 дар Швейтсария тарғиби нажодпарастӣ манъ карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1966 Япония аввалин радифи кайҳонии худро ба фазо сар дод.

Сентябрь 26, 2017 07:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст