«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» — намоиш дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли равон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 намоиш таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 25 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, кӯлу дарёҳо ва чашмасорони кишвар наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.
«Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 30 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон-кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон мегардад»,-зикр намуд манбаъ.
Бояд ёдовар шуд, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






