Тавсияҳо оид ба механизми татбиқи Қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» дар Душанбе баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2017/АМИТ «Ховар»/. «Тавсияҳо оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» имрӯз дар Душанбе зимни ҳамоише, ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид, баррасӣ шуд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки таҳсилоти калонсолон барои Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, роҳандозии он аз солҳои 2006 – 2008 ибтидо мегирад. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки зарурати ташкил ва ташаккули таҳсилоти калонсолонро пешбинӣ намуда, ба фаъолияти густурдаи ин низом дар он шакле, ки он имрӯз фаъол аст, асос гузошт. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон раванди таҳсилоти калонсолон ташаккул ёфтааст. Ташкили Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», филиалу намояндагиҳои он дар минтақаҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» вобаста ба сохтор ва фаъолияти ин гуна муассисаҳо дар заминаи пешрафт ва ташаккули низоми таҳсили калонсолон дар кишвар шаҳодати ин гуфтаҳост.
Муҳимияти ба таҳсил фаро гирифтани калонсолонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, гуфта буданд, ки «дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад».
Ҳамзамон Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагон, ки муаллифи асосии қонуни мазкур аст, гуфт, ки «тавсияҳо «Оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коркарди механизмҳои татбиқ, мусоидат ба амалисозии босамари қонунгузорӣ таҳия гардидаанд. Ҳадафҳои асосии санади мазкур чун роҳнамои мақомоти дахлдори давлатӣ ва субъектони ин раванд аз он иборатанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо самар ва саривақтӣ татбиқ гардад. Муҳтаво ва муқаррароти қонун, ки ба бунёди заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии низоми таҳсилоти калонсолон равона гардидаанд, бо назардошти имконоти воқеӣ ва муносибату заминаҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва меъёрӣ бояд устувор ташаккул ёбанд».
Татбиқи зина ба зинаи Қонун бояд ба рушди таҳсилоти калонсолон, осон намудани мушкилоти калонсолон равона гардида, дастрасии бештари онҳоро ба таҳсилот таъмин намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






