Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» соҳиби 3 ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 16 сентяри соли равон дар шахри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа хабар доданд, театри мазкур дар ин фестивал соҳиби 3 ҷоиза ва Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, итиллоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими пӯшидашавии фестивал ба 3 нафар аҳли адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.
Пас аз ҷамъбасти фестивал ҳунармандони театр Аловуддин Абдуллоев, Меҳриниссо Ҳоҷибоева ва Маҳмадалӣ Айюбов бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғистон вохурӣ гузаронида, бо пешниҳоди Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Суҳроб Олимзода барои тоҷикони муқими Қирғизистон дар мавзеи Учқурғони шаҳри Қадамҷо барномаи ҳунарӣ намоиш доданд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






