Вазорати мудофиаи Россия дар бораи марги Гулмурод Ҳалимов хабар дод
ДУШАНБЕ, 08.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Вазири ҷанг»-и созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи террористии «Давлати исломӣ» Гулмурод Ҳалимов бар асари зарбаҳои ҳавоии Россия ба нуқтаи фармондеҳии террористон дар Дайр-уз-зор кушта шуд. Дар ин бора имрӯз «РИА Новости» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия хабар дод.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин ҳамроҳ бо Ҳалимов се фармондеҳи дигари «Давлати исломӣ», аз ҷумла «амири Дайр-уз-Зор» Абумуҳаммад Аш-Шимолӣ маҳв гардидаанд. Зимни зарбаҳои ҳавоӣ наздики 40 ҷангии қаторӣ низ кушта шудааст.
Вазорати мудофиаи Россия эълон дошт, ки 5 сентябр дар бораи баргузор гардидани ҷаласаи фармондеҳони «Давлати исломӣ» дар атрофи Дайр-уз-Зор иттилоъ расида буд. Онҳо нақша доштанд, ки ҳамлаи артиши ҳукуматии Сурияро ба шаҳр баррасӣ намуда, дар иртибот ба ин ягон тадбир андешанд.
Пас аз тасдиқ гардидани маълумот дар бораи ҷаласа аз пойгоҳи Хмеймим ду ҳавопаймои Россия — Су-34 ва Су-35 парвоз карда, ба ҳадаф бо бомбаҳои битоншикан зарбаҳо заданд.
«Ҳалимов дар гвардияи президентӣ хизмат карда, фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то соли 2008 ӯ се маротиба дар пойгоҳи ҳарбии Blackwater-и Амрико аз омодагии махсус гузаштааст. Соли 2015 Ҳалимов аз Тоҷикистон нопадид шуд. Дертар дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он ӯ ба «Давлати исломӣ» савганди садоқат ёд мекард. Шабакаи телевизиони ироқии «Ал-сумария» ӯро сарфармондеҳи гурӯҳи террористӣ хонд», — менависад «РИА Новости».
Дар Тоҷикистон ба муқобили Гулмурод Ҳалимов барои хиёнат ба ватан ва иштирок дар олами ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Ӯ аз ҷониби Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






