Вазорати мудофиаи Россия дар бораи марги Гулмурод Ҳалимов хабар дод

Сентябрь 8, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Вазири ҷанг»-и созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи террористии  «Давлати исломӣ» Гулмурод Ҳалимов бар асари зарбаҳои ҳавоии Россия ба нуқтаи фармондеҳии террористон дар Дайр-уз-зор кушта шуд. Дар ин бора имрӯз «РИА Новости» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия хабар дод.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин  ҳамроҳ бо Ҳалимов се фармондеҳи дигари «Давлати исломӣ», аз ҷумла «амири Дайр-уз-Зор» Абумуҳаммад Аш-Шимолӣ маҳв гардидаанд. Зимни зарбаҳои ҳавоӣ наздики 40 ҷангии қаторӣ низ кушта шудааст.

Вазорати мудофиаи Россия эълон дошт, ки 5 сентябр дар бораи баргузор гардидани ҷаласаи фармондеҳони «Давлати исломӣ» дар атрофи Дайр-уз-Зор иттилоъ расида буд. Онҳо нақша доштанд, ки ҳамлаи артиши ҳукуматии Сурияро ба шаҳр баррасӣ намуда, дар иртибот ба ин ягон тадбир андешанд.

Halimov1Пас аз тасдиқ гардидани маълумот дар бораи ҷаласа аз пойгоҳи Хмеймим ду ҳавопаймои Россия — Су-34 ва Су-35 парвоз карда, ба ҳадаф бо бомбаҳои битоншикан зарбаҳо  заданд.

«Ҳалимов дар гвардияи президентӣ хизмат карда, фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то соли 2008 ӯ се маротиба дар пойгоҳи ҳарбии Blackwater-и Амрико аз омодагии махсус гузаштааст. Соли 2015 Ҳалимов аз Тоҷикистон нопадид шуд. Дертар дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он ӯ ба «Давлати исломӣ» савганди садоқат ёд мекард. Шабакаи телевизиони ироқии «Ал-сумария» ӯро сарфармондеҳи гурӯҳи террористӣ хонд», — менависад «РИА Новости».

Дар Тоҷикистон ба муқобили Гулмурод Ҳалимов барои хиёнат ба ватан ва иштирок дар олами ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Ӯ аз ҷониби Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Сентябрь 8, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад