АВВАЛИН ЭСТАКАДА ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН! Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни сохтмон дар ин иншооти азим дидан кард

Октябрь 20, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 июли соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори аввал дар Тоҷикистон сохтмони эстакада (роҳҳои болоиҳам) дар маҳаллаи 82-юми пойтахт   оғоз гардид. Инак, аз оғози  бунёди иншооти мазкур як сол сипарӣ шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур  аз наздик шинос шуда, бо менеҷери  лоиҳаи  «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»  Аброр Музаффаров ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар мавриди бунёди иншооти мазкур чунин изҳори назар кард:

DSC_0342+ — Аввалан мехоҳам бигӯям, ки  маҳз  бунёди роҳҳо  ва  кӯпрукҳо ҷумҳурии  моро аз бунбасти коммуникатсионӣ  берун оварда, дар пешрафти кишвар нақши муҳим мегузорад.

Бо тақозои замон бунёди эстакадаҳо ҳам дар ободии мамлакат  нақши басо муҳим хоҳанд дошт.

Аввалин эстакада  дар пойтахт дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд мегардад.

Аз ин пеш  роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешуд, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт,  ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаштанд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб сохта, боиси танбашавӣ ва дигар мушкилот дар  роҳ мегардид.

Бунёди эстакада бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳоро таъмин намуда, барои  беҳтар гардидани  шароити ҳаракат дар ин қитъа мусоидат менамояд.

Ҳалқароҳи   нави сохташаванда аз 3 қабат  иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.  Дар қабати  дуюми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад.  Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпруке мегузарад, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад.  Тибқи лоиҳаи мазкур дар ин минтақа  сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада  дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян-Бейсин»–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Институти лоиҳакашии Вазорати нақлиёт пешниҳод шуда, татбиқи онро  Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Тибқи нақша  иншооти мазкур бояд дар давоми ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  мешуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи сохтмони эстакада ба татбиқкунандагони лоиҳа  супориш дода буданд,  ки  роҳи мазкурро  шаш моҳ пеш аз муҳлат ба истифода диҳанд.

Бинобар ин дар иншоот корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардида,     то моҳҳои  январ- феврали соли 2018  сохтану   мавриди баҳрабардорӣ қарор  додани роҳи мазкур пешбинӣ шудааст.

Алҳол  дар иншоот корҳои сохтмонӣ дар се баст босуръат идома доранд.

Эстакада Душанбе

Лозим ба ёдоварист, ки  дар иншоот моҳи август корҳои тайёрӣ  гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ  аз моҳи сентябри соли 2016  оғоз шуданд.  Дар айни ҳол  зиёда аз 170 метр  кӯпрук  бо паҳнои 22 метр баста шуда, аз ҷумла 168 зерсутун сохта шудааст, ки дар бунёди онҳо  3174  м3  бетон сарф гардидааст.

Бояд гуфт, ки   ҳамаи  корҳои бунёдӣ зимистони соли гузашта ба анҷом расида, тобистони имсол сутунҳои болоӣ ва роҳи мошингузарро бунёд кардем. То имрӯз дар иншоот зиёда аз 80 фоизи корҳои васлу насб ба анҷом расонида шудаанд.

Дар сохтмони эстакада  231 нафар коргарон фаъолият доранд, ки 195 нафарашон кормандони маҳаллӣ  ва 36 нафар   хориҷиён   мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти мазкур моро ҷиҳати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда вазифадор намуданд ва  таъкид доштанд, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Ин супориши Пешвои миллат масъулияти сохмончиёнро  дучанд сохтааст ва онҳо талош доранд, ки  сохтмони  роҳи  мазкурро бо сифати олӣ ба анҷом расонида, дар ободию зебоии пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе саҳми сазовор гузоранд.

Рухсораи НУР

 

 

 

 

 

 

 

 

Октябрь 20, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мегардад
Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид
Форуми шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид
26 сентябр Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои ҳамаи истифодабарандагони пойтахт тағйир ёфт
Дар Душанбе 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Шоми имрӯз дар Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст шуд
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд
Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мегарданд
«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд