Баррасии ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҷаласаи Парлумон

Октябрь 31, 2017 09:33

ДУШАНБЕ, 31.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Иҷрои буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дирӯз дар Душанбе зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ бо иштироки  намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар баррасӣ гардид.  Зикр шуд, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи маблағгузории буҷетии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 8 моҳи соли равон ба қадри 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 4,5 млн. сомонӣ ё 66,8 % ташкил медиҳад. Нақшаи воридотии маблағҳои махсуси муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра 1,1 млн. сомонӣ ва иҷрои он 553,9 ҳазор сомонӣ ё 49% нақшаро ташкил додааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки аъзои Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагон аз вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи октябр аз вазъи буду боши бошандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар шаҳри Душанбе, хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб- интернатҳо барои кӯдакони маъюб дар ноҳияи Ёвон ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Варзоб дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи будубоши бошандагони ин муассисаҳо муайян гардид, ки дар ин шаҳру ноҳияҳо хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони маъюб фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои кишвар ба роҳ монда, аз ҷониби онҳо барои маъюбон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Зикр шуд, ки маблағи ҷудогардида барои ин муассисаҳо ҷиҳати харидории доруворӣ ва маводи хӯрокӣ нокифоя мебошад. Аз ҷумла, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ барои хӯрокворӣ 304 ҳазору 546 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар як кӯдак дар як шабонарӯз 5 сомонию 70 дирам рост меояд.

Инчунин биноҳои муассисаҳои номбурда ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй нестанд ва ба таъмири пурра ниёз доранд.

Дар анҷоми ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ аз рӯи масъалаи муҳокимашуда тавсияҳои парлумонӣ ва қарори дахлдор қабул гардиданд.

Октябрь 31, 2017 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид