Дар Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр озмуни такрорӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирию ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон менамояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни мазкурро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
— қарори Шӯрои омўзгорӣ (Шўрои илмӣ)-и муассисаи таълимӣ оид ба пешбарӣ барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо замимаи тавсифнома бо имзои роҳбари синф ва директори муассисаи таълимӣ;
— табели пешрафт ва ё нусхаи дафтарчаи имтиҳонӣ бо дарҷи баҳоҳои як соли охир гирифтаи хонанда ва донишҷӯ;
— бастаи диплому сертификатҳо оид ба ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ифтихорнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои иштироки фаъолона дар озмуну чорабиниҳои ҷамъиятии шаҳр ва ҷумҳурӣ;
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва 3 дона расми андозаи 3х4.
Довталабон ҳуҷҷатҳои мазкурро бо иловаи ариза ба номи раиси Комиссияи озмунӣ бояд то 11 ноябри соли равон пешниҳод намоянд.
Пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида озмуни санҷиши дониши довталабон аз фанҳои таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.
Довталабон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2217283, 901905919 ва 934603031 ба масъулин муроҷиат намоянд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






