Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ ҳамоиш оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар мавзӯи «Масоили иҷтимоию иқтисодии ташаккули шакли инноватсионии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ оғоз шуд.
Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш олимону коршиносони варзидаи соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳо, ки ба омӯзишу таҳқиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат ва шуғл машғул мебошанд, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок доранд.
Дар ҳамоиши илмию амалӣ масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ташаккули шакли инноватсионии иқтисоди ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои баланд бардоштани сатҳу сифати сармояи инсонӣ ва дар ин замина муассир гардонидани ширкати омили инсонӣ дар раванди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба масъалаҳои мазкур, инчунин атрофи масоили муназзам гардонидани муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармоёну кормандон, истифодаи самарабахши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташкили шуғли арзанда, роҳҳои ташаккул додани шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳсу мунозираҳои ҷиддии илмӣ сурат гирифтанд.
Дар ҳамоиш, ки имрӯз идома меёбад, бо мақсади ҳалли масъалаҳои рушди минбаъдаи иқтисоди инноватсионӣ, беҳсозии сифати сармояи инсонӣ ва таъмини ширкати омили мазкур дар пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ тавсияҳои илман асоснок таҳия ва пешниҳод мегарданд.








Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






